734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24

Таърихи ташкилот

ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии «Меҳнат» 05 июни соли 2004 таъсис дода шуда, дар давоми ҳаштдаҳ сол ширкат дар бозори суғуртавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи устуворро ишғол намудааст. Айни замон ташкилоти суғуртавӣ дар бозори суғуртавӣ босуръат инкишоф меёбад ва соҳиби иқтидорҳои баланди кадрӣ мебошад.

ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии «Меҳнат» бо суғуртакунии ихтиёрии шахсони ҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият ва шахсони воқеӣ машғул мебошад. Мутобиқи  иҷозатномаи амалкунандаи Бонки Миллии Тоҷикистон, № ФС0000025 аз 28 сентябри соли 2020 мо ба Шумо пешниҳод мекунем, ки намудҳои нисбатан серталаби суғуртаро дар бозори молиявӣ баррасӣ намоед. Мутахассисони ширкати мо ба Шумо барои интихоби намуд ва шаклҳои суғурта, арзёбии объектҳо ва ба расмият даровардани шартнома кȳмаки зарурӣ мерасонанд. Кордонӣ ва таҷрибаи калони кормандони мо ҳангоми бастани шартномаҳои суғуртавӣ, интихоби намуд ва шаклҳои суғурта, коэффитсиентҳои эҳтимолии пасткунанда ба тарифи суғуртавӣ бешубҳа манфиатнок мебошанд. Дар давоми тамоми давраи амали шартномаи суғуртавӣ мо ба Шумо кȳмаки машваратӣ мерасонем ва агар зарур бошад, манфиатҳои Шуморо ҳимоя мекунем. Мизоҷони ширкати мо ба таври ройгон хизматрасонии ҳамаҷонибаи суғуртавӣ мегиранд, ки номгȳи онҳоро дар сомонаи мо дида метавонед.

ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии «Меҳнат» аъзо ва яке аз муассисони "Ассотсиатсия миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон"  мебошад.

Боварӣ дорем, ки дар сомона ҷойгир кардани иттилоот Шуморо дар интихоби хизматрасонии суғуртавӣ ҳавасманд гардонида, ҳамкории мо давомнок ва барои ҳарду ҷониб манфиатнок мешавад.

ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии «Меҳнат» - шарики боварибахши Шумо!

Мақолаҳои дигар

Ҷубронҳои калон

Имидж компании - это безукоризненное выполнение условий договора и ее выплаты Клиентам.
Компания Мехнат является одни из лидеров и по урегулированию страховых случаев ...

Қонунгузорӣ

Список законодательных актов и положений, в соответствии с которыми осуществляется страховая деятельность ООО Страховой компании Мехнат.

734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24
+992(48)701-40-40