734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24

Суғуртаи боркашонӣ

Объекти суғурта

Манфиатҳои молу молкии Суғурташаванда (Фоидагиранда), ки бо соҳибият, истифодабарӣ ва / ё ихтиёрдории бор алоқаманд аст, инчунин бо таваккали гум шудан (нобуд шудан)-и он ё ҳангоми интиқол ва муҳофизат, новобаста аз тарзу усули интиқол, зарар дидан вобаста аст, объекти суғурта маҳсуб меёбад.    

 

Таваккали суғуртавӣ. Ҳодисаи суғуртавӣ

                Тибқи шартномаи суғурта, таваккали гумшавӣ (нобудшавӣ) ё ҳангоми интиқоли бор зарар дидани он, новобаста аз тарзу усули интиқол, инчунин ҳангоми ҳифзи бор мувофиқи шартҳои интихобшудаи суғурта суғурта карда мешавад.

                Шартномаи суғурта мумкин аст дар асоси шартҳои мазкур баста шавад.

                Шарти А. «Масъулият барои ҳама таваккалҳо». Аз рӯи шартномаи суғурта, ки бо шартҳои зерин баста шудааст, ҷуброн карда мешаванд:

                - зарар аз гумшавӣ (нобудшавӣ) ё харобшавии пурра ё қисмани бори суғурташуда, ки бо ҳама гуна сабаб рӯй додаст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 6.2. Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудааст;

                - зарар, хароҷот ва ҳаққ аз рӯи садамаи умумӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 6.2. Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудааст;

                -. ҳама хароҷоти зарурӣ ва мақсадноке, ки аз ҷониби Суғурташаванда бо мақсади наҷот додани бор ё кам кардани зарар ва барқарор кардани андозаи он сарф шудааст, агар зарар аз рӯи шартҳои суғурта мавриди ҷуброн кардан қарор гирад.

                Шарти В. «Масъулият барои садамаи тасодуфӣ». Тибқи шартномаи суғурта, ки бо ин шарт баста шудааст, ба истиснои ҳолатҳои дар бандҳои 6.2. ва 6.3. Қоидаҳои мазкур зикршуда, ҳолатҳои зерин ҷуброн карда мешаванд:

                - зарар аз харобшавӣ ё нобудшавии қисми пурраи бор ё қисмати он бар асари раъду барқ, тӯфон, гирдбод ё дигар офатҳои табиӣ, бархӯрд ба ҷисмҳои сахт ё ба ҳам расидани воситаҳои боркашонӣ, зарб ёфтани онҳо аз ҷисмҳои ноҷунбон ё ҳаракаткунанда, дар ҷои пастоб мондани киштӣ, сӯхтор, таркиш, аз яхпора зарар дидани киштӣ, пӯсиш аз таъсири об, инчунин бар асари чораҳое, ки барои хомӯш кардани сӯхтор андешида шудаанд;

                - зарар дар натиҷаи беному нишон  гум шудани воситаи боркашонӣ дар якҷоягӣ бо бори дар он воқеъбуда;

                - зарар аз харобшавӣ ё гумшавӣ (нобудшавӣ)-и қисми пурраи бор ё қисмати он бар асари ҳодисаи тасодуфӣ ҳангоми борборкунӣ, ҷойгиркунӣ ва борфарорӣ, ҳангоми бо сӯзишворӣ пур кардани баки воситаи боркашонӣ;

                - зарар, хароҷот ва ҳаққ аз рӯи садамаи пурра;

                - ҳама хароҷоти зарурӣ ва мақсадноке, ки аз ҷониби Суғурташаванда бо мақсади наҷот додани бор ё кам кардани зарар ва муқаррар кардани андозаи он сарф шудааст, агар зарар тибқи шартҳои суғурта мавриди ҷуброн кардан қарор гирад;

                - зарар аз муромурии ҳайвонот ва паррандагон ва аз офатҳои табии ба онҳо расида, аз рехтан ва чош шудани бор, аз шикастан ва зарб хӯрдани шиша, сафол, мармар ва маҳсулоти аз онҳо тайёршуда хишт ва дигар ашё, ки шикаста шудаанд ё зарб хӯрдаанд, танҳо агар ин зарар бар асари ба ҷисмҳои сахт бархӯрдани воситаи боркашонӣ ба вуқӯъ пайваста бошад.

                Шарти С. «Масъулият барои зарар, ба истиснои ҳолатҳои бархӯрд ба ҷисми сахт». Тибқи шартномаи суғурта, ки бо ин шарт баста шудааст, ба истиснои ҳолатҳои дар бандҳои 6.2. ва 6.3. Қоидаҳои мазкур пешбинишуда, ин ҳолатҳо ҷуброн карда мешаванд:

                - зарар аз харобшавӣ ё нобудшавии қисми пурраи бор ё қисмати он бар асари раъду барқ, тӯфон, гирдбод ё дигар офатҳои табиӣ, бархӯрд ба ҷисмҳои сахт ё ба ҳам расидани воситаҳои боркашонӣ, зарб ёфтани онҳо аз ҷисмҳои ноҷунбон ё ҳаракаткунанда, дар ҷои пастоб мондани киштӣ, сӯхтор, таркиш, аз яхпора зарар дидани киштӣ, пӯсиш аз таъсири об, инчунин бар асари чораҳое, ки барои хомӯш кардани сӯхтор андешида шудаанд;

                - зарар дар натиҷаи беному нишон  гум шудани воситаи боркашонӣ дар якҷоягӣ бо бори дар он воқеъбуда;

                - зарар аз харобшавӣ ё гумшавӣ (нобудшавӣ)-и қисми пурраи бор ё қисмати он бар асари ҳодисаи тасодуфӣ ҳангоми борборкунӣ, ҷойгиркунӣ ва борфарорӣ, ҳангоми бо сӯзишворӣ пур кардани баки воситаи боркашонӣ;

                - зарар аз харобшавии пурраи бор ё қисмати он бар асари ба ҷисмҳои сахт бархӯрдани воситаи боркашонӣ ё ба ҳам бархӯрдани онҳо, зарб ёфтани онҳо аз ҷисмҳои ноҷунбон ё ҳаракаткунанда, дар ҷои пастоб мондани киштӣ, сӯхтор, таркиш, аз таъсири яхпора зарар дидани киштӣ;

                - зарар, хароҷот ва ҳаққ аз рӯи садамаи пурра;

                - ҳама хароҷоти зарурӣ ва мақсадноке, ки аз ҷониби Суғурташаванда бо мақсади наҷот додани бор ё кам кардани зарар ва муқаррар кардани андозаи он сарф шудааст, агар зарар тибқи шартҳои суғурта мавриди ҷуброн кардан қарор гирад;

                - зарар аз муромурии ҳайвонот ва паррандагон ва аз офатҳои табии ба онҳо расида, аз рехтан ва чош шудани бор, аз шикастан ва зарб хӯрдани шиша, сафол, мармар ва маҳсулоти аз онҳо тайёршуда, хишт ва дигар ашё, ки шикаста шудаанд ё зарб хӯрдаанд, танҳо агар ин зарар бар асари бар ҷисмҳои сахт бархӯрдани воситаи боркашонӣ ба вуқӯъ пайваста бошад.

                Барилова ба ҳар яке аз ин шартҳо Суғурташаванда метавонад, ки ба ивази ҳаққи иловагии суғуртавӣ таваккали гумшавӣ (нобудшавӣ) ё харобшавии борро ҳангоми ҳифзи он суғурта кунад, агар дар шартномаи суғурта дар як муддат дар анбор нигоҳдории бор ё дар нуқтаи таъинот муваққатан нигоҳдории он пешбинӣ шуда бошад. Дар чунин ҳолат инчунин зарар аз гумшавӣ (нобудшавӣ) ё харобшавии қисми пурраи бор ё қисмати он, ба истиснои ҳолатҳои дар Қоидаҳо пешбинишуда, ки бар асари ҳолатҳои зерин ба вуҷуд омадаанд, ҷуброн карда мешавад:

                -. сӯхтор, таркиш;

                - пӯсиш ё ғарқ шудан дар обҳои зеризаминӣ, инчунин бар асараи садамаи системаи обу корез ё гармидиҳӣ;

                - амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм (дуздӣ, ғорат, роҳзанӣ, барқасдона хароб кардан ё нобуд кардани бор ва ғайра);

                - офатҳои табиӣ.

                - Номгӯи мушаххаси таваккалҳои суғурташуда дар шартномаи суғурта зикр карда мешавад.

                Тибқи қарордоди тарафҳо дар шартномаи суғурта мумкин аст дигар таваккалҳои суғурта зикр гардад.

Хизматрасонии дигар

Сохтмон

Объекти суғуртакунӣ манфиатҳои молу мулкии хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани Суғурташаванда вобаста аз ҷониби вай иҷро намудани корҳои бинокорию ...

Воситаҳои нақлиёт

Объекти суғурта ин манфиатҳои молумулкии Суғурташаванда (дар қисми суғуртакунии шахсӣ – шахсони суғурташуда), ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошад...

Анборҳои гумрук

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки бо Суғуртакунанда шартномаи суғурта бастаанд, Суғурташаванда эътироф гардида, инҳо маҳсуб меёбанд:
- брокерҳои гумрук, ки барои иҷрои ...

734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24
+992(48)701-40-40