734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24

Воситаҳои нақлиёт

Объекти суғурта

Объекти суғурта ин манфиатҳои молумулкии Суғурташаванда (дар қисми суғуртакунии шахсӣ – шахсони суғурташуда), ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошад

  Ҳодисаи суғуртавӣ ва таваккали суғуртавӣ

 Ҳодисаи суғуртавӣ ҳодисаест, ки дар давраи амали Шартномаи суғурта (полиси суғурта), ки Шартномаи суғурта пешбинӣ намудааст, ба вуқӯъ омада, бо фарорасии он

«Зарар» - вайроншавӣ ва ё нобудшавии воситаи нақлиёт (ВН)  (қисмҳои он) дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт (минбаъд ҲРН), сӯхтор, таркиш, офатҳои табиӣ, афтидани ашёҳои дигар, шикасти ВН тавассути таъсири ҳайвонот, инчунин шикасти ВН дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм;

 «Дуздӣ» - рабудан, дуздида бурдани ВН ва ё таҷҳизоти иловагии дар он насбгардида, инчунин дуздида бурдани ҷузъҳои алоҳида, агрегатҳо ва қисмҳои ВН;

 «Зарар аз рӯи таҷҳизоти иловагӣ» - шикаст ва ё нобудшавии таҷҳизоти иловагӣ дар натиҷаи ҲРН, сӯхтор, таркиш, офатҳои табиӣ, амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм, ҳаракатҳои ҳайвонот;

 «Масъулияти шаҳрвандӣ ҳангоми истифодабарии воситаҳои нақлиёт» - масъулияти Суғурташаванда, шахсони ба идораи ВН иҷозатдодашуда ва шахсони дар Шартномаи суғурта ё полиси суғурта зикргардида дар назди шахсони сеюм барои зарари молӣ ва ҷисмонии расонидашуда, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои тасодуфӣ (ҲРН) ҳангоми аз ҷониби Суғурташаванда ва ё шахси/шахсони ваколатдори ӯ истифода кардани ВН-и суғурташуда ба миён омадааст.

Тибқи Шартномаи суғуртаи бо шахси воқеӣ басташуда таваккали масъулияти шаҳрвандии  шахсан Суғурташаванда ва шасхони бо ваколат истифодабарандаи ВН (бо дигар асоси қонунӣ) ва шахсоне, ки дар шартномаи суғурта (полис) ҳамчун шахсони ба идораи ВН иҷозатдодашуда зикр гардидаанд, суғурташуда ҳисоб меёбад.

Тибқи Шартномаи суғуртаи бо шахси ҳуқуқӣ басташуда таваккали масъулияти шаҳрвандии шахсан Суғурташаванда ҳангоми истифодабарии ВН-и суғурташуда аз ҷониби ронандагоне, ки дар Шартномаи суғурта (полис суғурта) ҳамчун шахсони ба идораи ВН иҷозатдодашуда зикр гардидаанд, суғурташуда ҳисоб меёбад.

 «Ҳодисаи нохуш» - зарари ҷисмонӣ, ҳалокати мусофирон ва ронандаи ВН-и суғурташуда дар натиҷаи ҲРН, сӯхтор, таркиш, офатҳои табиӣ, афтодани ашёҳои дигар, шикасти ВН тавассути таъсири ҳайвонот. Аз рӯи созишномаи иловагии Суғурташаванда ва Суғуртакунанда мумкин аст таваккали зарари ҷисмонӣ, ҳалокати мусофирон ва ронандаи ВН-и суғурташуда дар натиҷаи амалҳои зиддиҳуқуқии шахсони сеюм суғурта карда шавад.

 

Арзиши Полиси суғуртавии нақлиёт

Арзиши Полиси суғуртаи нақлиёт аз чанд факторҳои зерин вобастагӣ дорад:

  • Андозаи маблағи суғуртавӣ;
  • Тамға, навъи воситаи нақлиёт;
  • Муҳлати истифодабарӣ;
  • Шартҳои барқароркунии (таъмири) воститаи нақлиёт;
  • Сину сол ва собиқаи рананда, миқдори шахсони ба идора рох дода шудагон;
  • Шарти нигоҳдории нақлиёт;
  • Сабти системаҳои зидди рабудан;
  • таърихи суғуртавӣ;
  • тартиби пардохти ҳаққи суғуртавӣ (яквақта ё ба марҳела) ;
  • дигар  факторхо.

Хизматрасонии дигар

Анборҳои гумрук

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки бо Суғуртакунанда шартномаи суғурта бастаанд, Суғурташаванда эътироф гардида, инҳо маҳсуб меёбанд:
- брокерҳои гумрук, ки барои иҷрои ...

Суғуртаи масъулият

Объекти суғурта ин манфиатҳои молу мулкии Суғурташаванда маҳсуб ёфта, бо ӯҳдадории ӯ бобати ҷуброн кардани зарари дар натиҷаи ноқисиҳои моли таҳиянамуда ва фурӯхтаи ...

Суғуртаи коргарон

Мақсади суғуртакунӣ манфиатҳои молумулкӣ буда, ба (муваққатан ё доимӣ) паст намудани даромад ва/ё хароҷоти иловагӣ вобаста ба гум кардани қобилияти корӣ аз ҷониби Суғурташуда ...

734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24
+992(48)701-40-40