Суғуртаи боркашонӣ
Манфиатҳои молу молкии Суғурташаванда (Фоидагиранда), ки бо соҳибият, истифодабарӣ ва / ё ихтиёрдории бор алоқаманд аст, инчунин бо таваккали гум шудан (нобуд шудан)-и ...
Cуғуртаи ихтиёрии масъулияти шаҳрвандии тиаҳиякунандагон ва фурӯшандагони мол, иҷрокунандагони кор (хизмат) дар вақти расонидани зарар ба ҳаёт, саломати ва молу мулки дигар шахсон ҳангоми :
- офатҳои табиӣ,
- садама,
- амалҳои зиддиҳуқуқии шахсони сеюм,
- таъхири таҳмили бор,
- хатогиҳои касбӣ
Объекти суғурта
Объекти суғурта ин манфиатҳои молу мулкии Суғурташаванда маҳсуб ёфта, бо ӯҳдадории ӯ бобати ҷуброн кардани зарари дар натиҷаи ноқисиҳои моли таҳиянамуда ва фурӯхтаи онҳо, кори иҷронамуда (хизмати расонидашуда) – и ба шахсони сеюм расонидашуда, ки бо тартиби қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, алоқаманд мебошад.
Ҳодисаҳои зерин ҳодисаи суғурта эътироф мешаванд:
а) ба молу мулки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар натиҷаи истифода намудани мол (маҳсулоти) – и харидаи онҳо, ки дорои ноқисиҳои конструктивӣ, дастурамалӣ ё дигар камбудиҳо мебошанд, расонидани зарар;
б) ба молу мулки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар натиҷаи норасоиҳои кори иҷронамуда ё хизмати расонида расонидани зарар;
в) дар натиҷаи пешниҳод накардани иттилооти пурра ё саҳеҳ оид ба мол (кор, хизмат) расонидани зарар ба молу мулки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
г) дар натиҷаи ноқисиҳои маҳсулоти ғизоӣ, мол, кори иҷронамуда ё хизмати расонида расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон.
Пардохти суғуртавиро Суғуртакунанда мутобиқи шартномаи суғурта дар асоси ҳуҷҷатҳои зеррин амалӣ мекунад:
- аризаи Суғурташаванда барои пардохти суғуртавӣ;
-санади суғурта;
- даъвои хаттии шахси сеюми зарардида оид ба ҷуброн кардани зиёни расонидашуда;
- ҳуҷҷатҳое, ки далели фарорасии ходисаи суғуртавӣ ва андозаи зарар (зиён)-и расонидашударо тасдиқ менамоянд;
- ҳуҷҷате, ки шахсияти шахси зарардидаро тасдиқ менамояд.
Манфиатҳои молу молкии Суғурташаванда (Фоидагиранда), ки бо соҳибият, истифодабарӣ ва / ё ихтиёрдории бор алоқаманд аст, инчунин бо таваккали гум шудан (нобуд шудан)-и ...
Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки бо Суғуртакунанда шартномаи суғурта бастаанд, Суғурташаванда эътироф гардида, инҳо маҳсуб меёбанд:
- брокерҳои гумрук, ки барои иҷрои ...
Объекти суғурта ин манфиатҳои молумулкии Суғурташаванда (дар қисми суғуртакунии шахсӣ – шахсони суғурташуда), ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошад...